(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз ҳам аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии​ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва Бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд​ баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатии Наврӯзгоҳ корҳои тамизкунӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рафти поккорӣ наҷотдиҳандагон даромадгоҳи боғ, роҳравҳо, ҷои нишаст, ҷазираи бачагона, атраксионҳо, толори бозиҳои шавқовар, нуқтаҳои савдо ва дигар иншоотҳои дар дохили боғ ҷойгир бударо бо истифода аз маводҳои безараргардонӣ поккорӣ намуданд.

Дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мазкур аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Раёсат бо шахсони масъули боғ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар тафреҳгоҳҳо суҳбатҳо гузаронида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд