(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАз рӯзҳои аввали бақайдгирии бемории короновирус дар Тоҷикистон тамоми сохторҳои шаҳри Хуҷанд дар ҳамбастагӣ алайҳи ин беморӣ муборизаи беамон бурда истодаанд, то ин ки ин маризӣ ҳарчи зудтар маҳв гардад.

КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» муассисаи коммуналии шаҳр ба ҳисоб рафта, ягона муассисае мебошад, ки барои бардоштан, кашонидан ва гӯронидани партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, фаъолият мебарад.

Корхонаи мазкур бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновируси нави COVID-19 ва таъмини солимии шаҳрвандону мизоҷонашон ҳамарӯза дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ корҳои безараргардониро анҷом медиҳанд. Ҳадаф аз ин чорабиниҳо ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии шаҳр мебошад.

Коргоҳ реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона 175 нафар фаъолият дошта, 31 адад нақлиётҳои партовкашон ҳамарӯза дар 3 баст фаъолияти пурсамар дошта, партовҳоро саривақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.

Ҳамарӯза партов тибқи реҷаи муайян, яъне басти аввал: аз соатҳои 5:00 то 12:00, басти дуюм бо усули бонгӣ, яъне дар дохили маҳаллаҳое, ки партовҷойи муайян надоранд соатҳои 8:00 17:00 ва басти сеюм аз 17:00 то 24: 00 муқаррар шуда, дар ин замонҳо партовҳо бароварда мешаванд.

Бо вуҷуди мушкилоти пешомада, КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ҳамарӯза дар хизмати шаҳрвандон ва идораву ташкилотҳои шаҳр қарор дошта, дар самти тозаву озода ва ороста нигоҳ доштани шаҳри бостонии Хуҷанд аз тамоми василаҳо истифода менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд