(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» муассисаи коммуналии шаҳр ба ҳисоб рафта, ягона муассисае мебошад, ки барои бардоштан, кашонидан ва гӯронидани партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, фаъолият мебарад.

Коргоҳ реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона 175 нафар фаъолият дошта, 31 адад нақлиётҳои партовкашон ҳамарӯза дар 3 баст фаъолияти пурсамар дошта, партовҳоро саривақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.

Ҳамарӯза партов тибқи реҷаи муайян, яъне басти аввал: аз соатҳои 5:00 то 12:00, басти дуюм бо усули бонгӣ, яъне дар дохили маҳаллаҳое, ки партовҷойи муайян надоранд соатҳои 8:00 17:00 ва басти сеюм аз 17:00 то 24: 00 муқаррар шуда, дар ин замонҳо партовҳо бароварда мешаванд.

Бахусус дар рузҳои ҳашарҳои дастҷамъона фаъолияти ин корхона назаррас гардида, дар самти саривақт баровардани партовҳо иссагузорӣ менамоянд.

Бо вуҷуди мушкилоти пешомада, КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ҳамарӯза дар хизмати шаҳрвандон ва идораву ташкилотҳои шаҳр қарор дошта, дар самти тозаву озода ва ороста нигоҳ доштани шаҳри бостонии Хуҷанд аз тамоми василаҳо истифода менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд