(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШоми дирӯз дар кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои истироҳатӣ, маҳаллаву тангкӯчаҳои шаҳри Хуҷанд маъракаи густурдаи безараргардонӣ бо ҷалби беш аз 20 адад техникаю зиёда аз 70 тонна маводи тамизкорӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ин иқдом бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар арафаи иди касбиашон сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода дар маросими ифтитоҳи чорабинии безараргардонӣ иштирок намуда, ин иқдоми некро амали хайрхоҳона ва қадами устувор барои солимии шаҳрвандон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ унвон намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кормандони ҳифзи муҳити зистро бо иди касбиашон табрику таҳният намуда, аз ҷумла афзуд, ки воқеан, баргузории Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист барои ҳушдор кардани ҷомеа аз муаммоҳои экологӣ имконият фароҳам оварда, барои аз таназзулёбӣ нигоҳ доштани табиат ва хароб шудани вазъи муҳити зист дар сайёра мусоидат хоҳад кард. Тоҷикистон гўшае аз биҳишти рўи замин аст. Мо бояд ин неъмати бебаҳоро оқилонаву самаранок истифода карда, аз ифлосшавию харобӣ ва умуман ҳар гуна хатарҳои номатлуб ҳифз намоем.

Боиси ифтихор ва сарбаландии мост, ки шаҳри Хуҷанди бостонӣ чун ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои табиати бою рангин буда, кўҳи сарбафалак - кашидаи Мевағул, чашмаҳои мусаффову дарёи равони Сир, боғу бўстон ва гулзору чаманзорҳо шаҳри моро ҳусни дигар бахшидаанд.

Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода бо техникаҳои сафарбаршавандаи тамизгардонӣ аз наздик шинос шуданд.

Сипас, зиёда аз 20 адад техникаю таҷҳизот бо фарогирии беш аз 70 тонна маводи тамизкорӣ барои безараргардонии кӯчаву хиёбон, тангкӯчаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, истгоҳҳо, маҳаллаву микроноҳияҳо сафарбар карда шуданд.

Ин иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд имкон медиҳад, ки дар шаҳр хуруҷу бемориҳои сироятӣ, бахусус бемориии нави короновирус паст гардида, дар ояндаи наздик аз байн хоҳад рафт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд