(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввал, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳрдорӣ машварати васеъи корӣ баргузор шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки дар қаламрави шаҳр баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи тасдиқгардида силсилаи корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

Сипас, Маъруф Муҳаммадзода доир ба вазъи иҷрои буҷаи давлатӣ ва маҳаллӣ аз масъулини дахлдор пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ба миёномада ба эшон дастуру супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки бинобар доман паҳн намудани бемории короновирус ва аз фаъолият бозмондани як қатор субектҳои андозсупор, бахусус корхонаҳои саноатӣ дар ин ҷода мушкилоти муваққатиро рӯи кор овардааст.

Шаҳрдор дастур дод, ки бинобар кам шудани шиддати бемориии короновирус тамоми корхонаҳои шаҳр бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолияти пурсамар гузаранд. Оғози фаъолияти дигар нуқтаҳои савдо, аз ҷумла мағозаҳо ба истиснои бозору ошхонаву тарабхонаҳо мувофиқи мақсад дониста шуд. Таъкид шуд, ки аз фаъолияти муназзами бахши иқтисодӣ таъмини маоши кормандони соҳаи буҷа ва нафақагирон вобастагии зиёд дорад. Ҳамзамон бидуни он ба вусъатбахшии корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими биноҳои маъмурию истиқоматӣ, тароватбахшии кўчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фарҳангию мавзеъҳои истироҳатӣ коре анҷом дода намешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар поёни маҷлис ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ифтитоҳи якчанд иншоот ба муносибати ин ҷашни умумимиллӣ масъулини дахлдорро дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд