(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЗайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғи шаҳри Хуҷанд бо фаъолони ин маҳаллаҳо вобаста ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 мулоқот анҷом дод.

Зикр гардид, ки дар ҳолати пайдо шудани ҳарорати баланд бояд шаҳрвандон фавран ба духтури оилавӣ муроҷиат намоянд, зеро пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст. Дар ҷараёни мулоқот Зайнура Азимӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба тозаву озода нигоҳ доштани ҳавлиҳои истиқоматӣ ва кўчаҳои дохилии маҳалла, безараргардонии ҷойи зист ва кўчаҳо, сари вақт гирифтани партов, бесабаб аз хона набаромадани шаҳрвандон, хусусан онҳое, ки синну солашон калон мебошад, нафарони гирифтори бемориҳои диабети қанд, дил, фишорбаландӣ ҷалб намуда, ҳамзамон аз сокинони маҳаллаҳо даъват ба амал оварда шуд, ки аз харидорӣ ва истеъмоли яхмос, нўшидани обҳои ташнагишикани хунук муваққатан худдорӣ намоянд. Ҳамчунин фаҳмонида дода шуд, ки то ба эътидол омодани вазъ вобаста ба паҳншавии бемории короновируси нави (COVID-19) муваққатан гузаронидани тўю маъракаҳо ва маросимҳо қатъиян манъ карда шудааст. Таъкид гардид, ки шаҳрвандон бояд тавсияҳои додашуда ва талаботҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунанд ва ба ин восита аз гирифторшавии ба бемории короновирус эмин монанд ва дигаронро низ аз ин хатар нигоҳ доранд.

Дар мулоқот сардори КВДК «Хизматрасони нақлиётӣ – санитарӣ» бобати дар вақт ва ҷойи муайяншуда баровардани партов аз ҷониби аҳолӣ ва нигоҳ доштани маданияти партовпартоӣ изҳори андеша намуд.

Сокинони маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ аз гузаронидани чунин суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ изҳори сипос карда, миннатдории самимии худро ба роҳбарияти Давлату Ҳукумат, табибону ҳамшираҳои шафқати беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ, ки имрўз дар сафи пеш истода, бо бемории сирояткунандаи короновирус мубориза мебаранд ва барои шифо ёфтани беморон талош менамоянд, расониданд. Таъкид шуд, ки мардум аз имрўза хизматрасонии табибон розӣ буда, хостгори ҳарчи худтар раҳоӣ ёфтан аз вабои мазкур ва баргаштан ба ҳаёти осоишта мебошанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Мирзоғуфрон Ғафуров, сардори шуъбаи таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ва механизми нави маблағгузории Раёсати тандурустии вилоят, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, сардори КВДК «Хизматрасони нақлиётӣ – санитарӣ», сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ва иҷрокунандаи вазифаи сардухтури Маркази саломатии №1-и шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд