(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмруз дар Муассисаи давлатии "Маркази дастгирии оила ва кӯдак"-и шаҳри Хуҷанд бахшида Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон барои бошандагони ин марказ маҳфили хотирмон сурат гирифт.

Номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба самъи кӯдакону наврасон расонида шуд. Таъкид гардид, ки Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон, ки ҳамасола санаи 1 июн таҷлил мегардад, дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои муҳим маҳбубият дошта, ҳанўз 70 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шўрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд.

Ин сана ба мо ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дўши мост ва мо онҳоро бояд дўст дорем, меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кўдакон ҷой диҳем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳ ба тақдири кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд.

Аз ин рў, дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кўдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба ғамхорию парасторӣ фаро гирифта шуда, махсусан ба кўдакони ятиму бепарастор таваҷҷўҳи хоса бештар зоҳир мегардад. Пешвои муаззами миллат борҳо дар баромадҳояшон изҳор доштанд, ки «Ман ба кўдакони ятиму бепарастор ва маъюбон муроҷиат карда изҳор менамоям, ки Шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам.»

Дар чорабинӣ шеъру суруд ва таронаву рақсҳои ҷолиб аз ҷониби ҳозирин пешниҳод карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд