(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКўдакони меҳрубону саодатманд!

Фарорасии Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдаконро, ки ҳамчун рўзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кўдакони ҷаҳон таҷлил мегардад, ба кулли кўдакону наврасон табрику муборакбод намуда, барои онҳо даврони саодатёри наврасӣ, оромию осудагӣ ва хандаи ҷовидонаи беғаши тифлиро таманно дорам.

Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон, ки ҳамасола санаи 1 июн таҷлил мегардад, дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои муҳим маҳбубият дошта, ҳанўз 70 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шўрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд.

Ин сана ба мо ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дўши мост ва мо онҳоро бояд дўст дорем, меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кўдакон ҷой диҳем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳ ба тақдири кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд.

Аз ин рў, дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кўдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба ғамхорию парасторӣ фаро гирифта шуда, махсусан ба кўдакони ятиму бепарастор таваҷҷўҳи хоса бештар зоҳир мегардад. Пешвои муаззами миллат борҳо дар баромадҳояшон изҳор доштанд, ки «Ман ба кўдакони ятиму бепарастор ва маъюбон муроҷиат карда изҳор менамоям, ки Шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам.»

Шаҳодати воқеияти ин суханони пурмеҳр ҳаёти озоду ободи имрўзи кўдакони мост.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ ҳамеша ба оилаҳои камбизоат ва кўдакон, махсусан ба кўдакони ниёзманду сиҳатиашон коста ғамхории муттасил ва сарпарастӣ карданро дар мадди назари аввал қарор дода, онҳо пайваста бо кўмакҳои моддию молиявӣ дастгирӣ ёфта истодаанд.

Дар шаҳр барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кўдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, то имрўз ҷиҳати таъсиси мактабу кўдакистонҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи тандурустии кўдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон ва баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ шуда, тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз даҳҳо адад чунин иншооти гуногуни иҷтимоӣ сохта ба истифода дода хоҳанд шуд.

Аз ин рў, боварии комил дорам, ки кўдакони азизи мо ҷавобан ба ин ғамхориву дастгирии давлату Ҳукумат ҳамчун ворисони арзандаи миллати хеш ба воя расида, дар оянда баҳри гулгушукуфоии Ватани маҳбубамон саҳмгузорӣ хоҳанд кард.

Бори дигар фарорасии Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдаконро ба ҳамаи Шумоён кўдакони некбахти диёр табрику муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки бигзор ҳамеша сарбаланду саодатманд ва хушбахту некном бимонед.

Ҳамеша сиҳатманду солим бошед, кўдакони меҳрубон!