(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни як боздид аз раванди фаъолияти ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ошноӣ пайдо намуданд.

Тавре, ки зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, дар корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд” бо назардошти вазъи сироятёбии сокинони кишварҳои хориҷи дуру наздик ба коронавируси COVID-19 ва бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат истеҳсоли ниқоб ва корҷомаҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд”, ки ба истеҳсоли матоъҳои хушсифати пахтагин машғул аст, айни замон 3 намуди ниқобҳои тиббӣ бо истифода аз дока ва хомсуф тайёр карда мешаванд. Корхона дорои иқтидори бузург буда, метавонад миллионҳо дона ниқоби тиббиро истеҳсол ва вориди фурӯшгоҳҳо созад. Алҳол дар як шабонарӯз ин корхона то 6000 дона ниқобҳои муҳофизатӣ истеҳсол намуда, истодааст, ки рӯзҳои наздик ҳаҷми истеҳсоли он бо ба роҳ мондани сехҳои нав дучанд меафзояд.

Ин корхона ҳамзамон ба истеҳсоли корҷомаҳои тиббии муҳофизатӣ низ оғоз намудааст, ки истеҳсоли шабонарӯзии ин навъи маҳсулот то 200 адад мебошад.

Чанд рӯз қабл бо ширкати «Белл Бимбо плюс»-и Ҷумҳурии Белорусия шартнома дар ҳаҷми 68 000 доллари ИМА баста шуд, ки тибқи он дӯхти либоси мактабӣ барои муҳассилини макотиби ин кишвар пешбинӣ шудааст. Аз ҷониби дӯзандагони ин корхона ҳамарӯза 300 адад чунин либос барои мактабиёни кишвари Белорус дӯхта шуда истодааст. Ширкати «Белл Бимбо плюс»-и Ҷумҳурии Белорусия тасмим гирифтааст, ки либоси мактабии пахтагини босифати истеҳсоли ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд»-ро дар қаламрави Федератсияи Руссия низ ба фурӯш гузорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки дар баробари истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва корҷомаҳои тиббии муҳофизатӣ ҳамзамон дар самти ба роҳ мондани сару либоси мактабӣ ва шиму костюми мардона тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Зеро барои истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар баробари талаботи бозори дохилӣ ҳамзамон маҳсулоти хом мавҷуд аст. Ҳамзамон майдони истеҳсолии ин корхона ҷавобгӯ ба ҳамагуна истеҳсолот аст. Яъне заминаи мусоид фароҳам аст. Барои содироти ин навъи маҳсулот низ тадбирҳо андешида шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон васеъ намудани ҳаҷми истеҳсолот дар ин корхонаро талаби замон унвон намуда, супориш дод, ки дар зудтарин фурсат бо насби 200 адад мошинаҳои чокдӯзӣ барои дӯхти либоси мактабӣ ба ниёзмандони дохиливу хориҷӣ тадбирҳо фаврӣ андешида шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд