21 Май 2014
Барои тақвияти нерӯҳои зеҳниву эҷодии муассисаҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани нақши онҳо дар раванди тарбияи маънавии шаҳрвандон, алалхусус насли ҷавону наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси пурғановати фарҳанги миллӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» дар қаламрави ҷумҳурӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷоиёти халқ «Андалеб-2014» баргузор шуда истодааст.
Мақсад аз ташкил ва гузаронидани ин фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони Истиқлолият мебошад. Дастаҳои ҳунарӣ дар интихоби мавзӯъ ва ҳунарнамоӣ соҳибихтиёр буда, мавзӯи марказии ҳар бахши ҳунарӣ марбут ба истиқлолият, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси руҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон дар қаламрави шаҳр мебошад.
Мувофиқи нишондоди Низомномаи баргузории фестивал-озмун даври вилоятӣ бо иштироки фаъолонаи ҳаваскорони санъати ҳамаи шаҳру ноҳияҳо дар ду навбат баргузор мегардад. Дар даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» донишxeёни мактабҳои олӣ ва махсус, аз қабили Коллеxи тиббӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ иштирок мекунанд.