(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз дар шаҳри Хуҷанд, дар бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолияти хеш оғоз бахшид.

Дар маросими оғози фаъолияти ин ташхисгоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар заминаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд таъсис дода шуда, ҷараёи ташхис 3 зинаро фаро гирифта, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад.

Зикр гардид, ки мутахассисони ташхисгоҳ аз курси махсуси омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаштанд. Дар оянда низ кормандони дигар дар ин муассисаи тиббӣ марҳила ба марҳила тарзу усули гузаронидани таҳлилҳоро меомӯзанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода гуфт, ки фаъол гардидани чунин озмоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд имкон медиҳад, ки барои муайянсозии бемории COVID-19 корҳо ҷоннок гардад.

Бино ба таҳлили коршиносони соҳаи тиб барои мубориза бо бемории короновирус қабл аз ҳама муайян намудани беморӣ ба воситаи ташхис муҳим буда, кори табибонро то андозае осон ва барои дурнамои табобати муваффақона роҳ мекушояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки то имрӯз намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд