(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд - Агро”, ки дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, шиносоӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи “Хуҷанд-Агро” бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, бунёд шуда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додан 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардиданд. Дар корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи муосири истеҳсоли Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Украина ва Олмон асосан коркарди меваю сабзавот, ба монанди сабзӣ, лаблабу, карам, пиёз, каду, сирпиёз, се намуди кабудӣ, картошка, лиму ва себ ба роҳ монда шудааст. Ин корхона иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз аз 10 то 12 тонна меваю сабзавоти тару тоза мавриди коркард намояд.

Корхона маҳсулоти кишоварзиро аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ба тариқи яклухт дастрас намуда, дар се марҳила бо технологияи муосир тоза карда, дар ҳарорати 100 дараҷа пухта, реза ва хушк мекунад. Ҳамчунин дар худи корхона маҳсулоти тайёр мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ банду баст карда мешавад. Алҳол дар корхона пиёзҳои истеҳсоли вилояти Хатлон ба миқдори калон мавриди коркард қарор дорад ва қарор аст, ки он ба хориҷи кишвар содирот шавад.

Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи мазкур, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза арзёбӣ мешавад, асосан ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Украина ва Аврупо содирот карда мешавад. Харидорони маҳсулоти ин корхона ширкатҳои маъруфи «Gallina Blanca» «Доширак», «Маги» ва як қатор тарабхонаҳои брендии Руссияву Аврупо мебошанд, ки асосан барои омода кардани хӯрокҳои зудтайёр онро истифода мебаранд.

Аз рӯйи иттилои мутахассисон, дар вақти коркард таркиби меваю сабзавот дар озмоишгоҳи корхона, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, ҳаматарафа санҷида шуда, дар раванди истеҳсолот ягон навъи маводи химиявӣ истифода намешавад ва аз ҳамин лиҳоз дар дохилу хориҷи мамлакат ба маҳсулоти онҳо талабот бештар аст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки сафи кормандонро зиёд ва бо истифода аз фаровонии ҳосили имсола аз тамоми минтақаҳои кишвар маҳсулоти хомро ҷамъоварӣ ва барои коркард захира намояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд