(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади огоҳӣ аз вазъи таъминкунии оби нӯшокӣ ва иншооти сохташаванда доир ба дастрасии аҳолии маҳаллаҳои навбунёд ба оби нӯшокӣ аз раванди сохтмон ва тадбирҳои амалишаванда дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни муаррифии лоиҳа ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дод, ки оби нӯшокӣ барои маҳаллаҳои навбунёди шаҳр аз иншооти обтаъминкунии №4, ки дар микроноҳияи 18- ум воқеъ аст, дастрас карда мешавад. Иншооти мазкур соли 1970 сохта шуда, баъди таҷдид аз 19 адад чоҳҳои амудӣ иборат буда, бо 1 адад пойгоҳи обкашӣ таҷҳизонида шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷо пойгоҳи обболобардори дараҷаи 2-юм бо таҷҳизоти обкашӣ таҷҳизонида шуда, обтаъминкунии маҳаллаҳои 1, 2, 4, 5, 14, 15, 19, 18, 13, 8, 12 ва дигар маҳаллаҳоро ба иҷро мерасонад.

Иттилоъ дода шуд, корҳо аз ҷониби Маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти таъминот бо оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаҳои навбунёд бомаром идома дошта, ки аз ҷониби корхонаи мазкур ҷиҳати таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои навбунёди 1-15-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти «Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд», марҳалаи аввали он «Таҷдид ва зиёд намудани иқтидорҳои истгоҳи №4 КВДК «Хуҷандобуканал»»-ро ҳанӯз соли 2016-ум оғоз гардидааст.

Корҳои сохтмону-васлгарӣ аз рӯи лоиҳа сохташудаистода дар соли 2016-ум дар истгоҳи бардошти II-юм дар микроноҳияи -12-ум иншоотҳои лозимаи инфрасохтори обтаъминкунӣ сохта шудаанд. Тибқи лоиҳа бояд 2 ҳавзи оби тоза ҳар кадоме ба андозаи 500м3, 1 адад истгоҳи бардошти II, 1 адад истгоҳи трансфарматорӣ бояд ба кор андохта шавад. Хобонидани қубурҳо аз микроноҳияи 18 то микроноҳияи 12 амалӣ гардида, дар микроноҳияи -14-ум сохтмони як адад ҳавз ба анҷом, сохтмони ҳавзи дуюм идома дорад. Иқтидори захиравии оби нӯшокии ҳаҷми ҳар кадомаш 2500м3-и ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода доир ба сифатан анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таваҷҷуҳи асосӣ ба камхарҷ ва бо афзун намудани иқтидорҳои обрасонӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳр сокинон хона бунёд намуда, зиндагӣ оғоз менамоянд ва табиист, ки ба оби нӯшокӣ эҳтиёҷи бештар пайдо мешавад.

Раҷаббой Аҳмазода таъкид намуд, ки оби нӯшокии иншооти мазкур барои 12 500 нафар аҳолӣ пешбинӣ гардидааст, ки иқдоми накӯ буда, барои беҳтар намудани шароити мардум мусоидат хоҳад намуд ва то таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди чунин инфрасохтори иҷтимоӣ, ки ба некуаҳволии мардум равона гардидааст, дар шаҳр ҳам вусъат дода мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд