(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вобаста ба пайгирӣ аз татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии босуръати мамлакат аз корхонаи саноатии ҶДММ «Сано» боздд ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур вобаста ба фармоишот навъҳои гуногун маҳсулот омода карда мешаванд. Феълан дар корхона дӯхтани ниқобҳои гигиенӣ ва корҷомаҳои тиббӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Имруз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷйои кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин дар ин корхона имкони истеҳсоли то 200 номгӯйи маҳсулот мавҷуда буда, барои он заминаи кофӣ вуҷуд дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхонаи «Сано» дастур дод, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ҷиҳати истифодабарии имконоти пурраи корхона тадбирҳо андешида, сафи кормандонро ба 100 нафар расонанд. Ҳамчунин вобаста ба пешгирии аз паҳншавии пандемияи COVID-19 тадбирҳои безараргардонӣ ва фосилагириву тибқи нишондоди табибон корбарӣ карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз роҳбарияти корхона даъват ба амал овард, ки аз фаъолияти ибратбахши КМ «Ҷавонӣ» пайгирӣ намоянд, зеро ин корхона ба истесҳол ва содироти ниқобҳои гигиенӣ ба хориҷи дур таҷрибаи комил ба даст овардааст. ҶДММ «Сано» низ метавонад талаботро ба ин намуди маҳсулот на фақат дар дохил балки дар хориҷи кишвар таъмин намоянд.

Таваҷҷуҳи асосӣ баҳри самаранок истифодабарии заминҳои ҳудуди корхона дода шуда, таъкид гардид, ки ҳар як ваҷаби он ба манфиати корхона истифода ва вазъи экологии минтақа беҳтар карда шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд