(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар саҳни ҳавлии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа нахуст дастуру супориши Ситодҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба самтҳои дахлдор масъулин барои иҷрои корҳо муваззаф гардиданд.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва раванди муолиҷа бемории коронавирус «Covid-19» ҷалб намуда, ҷиҳати баррасии мушкилоти ба миён омада вобаста ба соҳаҳои дахлдор муовинони раиси шаҳрро вазифадор намуд.

Шаҳрдор таъкид дошт,ки зиёда аз панҷ моҳ мешавад, ки бемории зукоми коронавирус аҳли оламро ба нигаронии ҷиддӣ гирифтор намуд. Вале хушбахтона, кишварҳое, ки сокинонашон ба ин беморӣ охири соли 2019 гирифтор шуда буданд, авҷи онро паси сар намуда, оҳиста – оҳиста маҳдудиятҳоро бекор карда, ба зиндагии муқаррарӣ баргашта истодаанд. Аммо барои аҳолии кишварҳое, ки дертар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо то расидан ба авҷи беморӣ ва баъдан коҳишёбии он фурсати муайян лозим аст. Кам шудани шиддати беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бархе сокинонро хушҳол намуда, бидуни зарурат ва бениқоби гигиенӣ ба кӯча баромада истодаанд, ки боиси нигаронӣ шудааст. Ҳамчун дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бахусус бозорҳо ба чашм расидани анбуҳи одамон ки омили асосии сироятёбӣ маҳсуб мешавад дар вазъияти имрӯза хатарнок маънидод мегардад. Бояд масъулин ҷиҳати ба корандозии маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ фаъол бошанд.

Бо вазифагузориҳо ба кори ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд