(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд бо ҳузури роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ Ситоди навбатӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Аз ҷониби муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев маълумоти муфассал оид ба қабул, муолиҷа ва вазъи беморон дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки алҳол тамоми имконият ва иқтидорҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ сафарбар карда шудааст. Хушбахтона сафи мубталоёни бемории короновирус рӯз аз рӯз коҳиш ёфта истодааст, вале ин маънои онро надорад, ки мо ғолибияти кулл алайҳи ин вабои аср ба даст овардем. Баръакс таҷрибаҳо собит менамоянд, ки беэътиноӣ ва нописандӣ ба вазъи беҳдоштӣ ва дигар чораҳо ба афзоиши ин беморӣ мерасонад, ки тақдири талхи кишварҳои минтақа аз он бозгӯйӣ менамояд.

Сипас, ҳисоботи сардухтурони марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд ба самъи ҳозирин расонида шуд. Зикр гардид, ки ин муассисаҳои тандурустӣ бо нақлиёт ва дигар доруву таҷҳизоти тиббӣ мусаллаҳ буда, ҳамарӯза барои гардиши хонагӣ, ташхи ва муоинаи шаҳрвандон хизмат расонида истодаанд.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри тақвияти бештари корҳо дар самти мубориза алайҳи паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» дар вилояти Суғд ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки рӯзҳои охир фориғболии шаҳхрвандон, бахусус гаштугузор бемаврид, зиёд будани мусофирон дар нақлиёти ҷамъӣ, анбӯҳи одамон дар бозору ҷойҳои истироҳатӣ ба назар расида, бидуни ниқоб гаштугузор кардани мардум боиси нигаронӣ гардидааст.

Зикр гардид, ки масъулини дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмонаҳӣ чорабиниҳоро роҳандозӣ намуда, мардумро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни зарурат ба кӯча набаромадан, нигоҳ доштани фосила, дар сурати баланд шудани тасфи бадан фавран муроҷиат намудан ба духтури оилавӣ ва дигар хадамоти тиббӣ ташвиқ намоянд.

Таъкид гардид, ки шаҳрвандон то ба эътидол омаодани вазъият аз баргузор намудани намудани тӯйю маъракаҳои хеш худдорӣ намоянд. Барои ҷоннок намудани корҳои поккорӣ Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ва дигар сохторҳо муваззаф гардиданд.

Бо вазифагузориҳои дигар ба ҷаласаи Ситод ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд