(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аҳли оилаи фавтидагони бемории сироятии илтиҳоби шадиди шуш, аз ҷумла хонаводаи Аминҷон Ҳотамов ва Акрам Аслоновро мавриди аёдат қарор дода, онҳоро бо фарорасии Иди Саиди фитр табрику таҳният гуфта, барояшон сабри ҷамил хостанд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни арзи тасаллияти Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба оилаҳои номбурдагон, аз ҷумла таъкид дошт, ки якбора паҳншавии ин бемории сирояткунанда тамоми ҷаҳон, аз ҷумла кишвраи маҳбуби мо-Тоҷикистонро ба изтироб овард. Бо вуҷуди ин тадбирҳои фаврӣ аз ҷониби Давлату Ҳукумат андешида шуд ва хушбахтона имрӯзҳо суръати сироятёбӣ камее коҳиш ёфтааст. Мутмаъинем, ки шумоён бо амри тақдир ризоият дода, дар зиндагии минбаъдаи худ ба хотири фардои равшани фарзандон нақшаву орзуҳоро амалӣ хоҳед намуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабонарӯз дар фикру зикри раҳоӣ бахшидани мардуми кишвар аз ин вабои аср мебошанд ва мо бояд дар якҷоягиву сарҷамъӣ алайҳи он муборизаи беамон бурда, зиндагии ояндаамон нуру сафо бахшем.

Аёдатшудагон ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳар қишри ҷомеа, бахсус дар ин рӯзҳои вазнин изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд