(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altҲамарӯза аз ҷониби сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии сокинон ва меҳмонони маркази маъмурии вилояти Суғд тадбирҳои безараргардонии сартосариро пурзӯр гардида, ҷамъи қувваю василаҳо барои тамоман аз баён бурдани ин вабои аср сафарбар гардида истодаанд.

Ин навбат корҳои безарагардонӣ бо ҷалби як қатор кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, Шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидмологии шаҳри Хуҷанд ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ ҷалб карда шуданд.

Корҳои тамизгардонӣ нахуст дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ, бозорҳо ва ғайра ба роҳ монда шуд.

Ҳамин гуна тадбирҳои безараргардонӣ дар кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои нақлиётӣ дар ҳудуди кўчаҳои исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Гагарин, Сирдарё, Раҳим Ҷалил, Рифъат Ҳоҷиев, Аминҷон Расулов, Шарқ, Фирдавсӣ, Саидвалиев, Истиқлол ва як қатор микроноҳияҳо ташкилу роҳандозӣ гардиданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин тадбирҳо то анҷом ёфтани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар тамоми шаҳр идома меёбанд.

Корҳои тамизгардонӣ бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус асосан шабона амалӣ гардонида мешаванд ва он набояд сабаби ба таҳлука афтодани сокинони шаҳр гардад.

Ҳамзамон ҳамарӯза дар шаҳри Хуҷанд баҳри тозаю озода нигоҳ доштани микроноҳияву маҳаллаҳо, даромадгоҳҳо ва атрофи биноҳои маъмурию истиқоматӣ корҳои иттилоотӣ бурда шуда истодааст ва тамоми корҳои тамизкорӣ бо риояи реҷаи махсус зери назорати қатъии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ҳамаи ин тадбирҳо ҳамарӯза аз ҷониби Роҳбарияти Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд