(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд телеконфронс-вебинар дар мавзуъи «Ташхис ва табобати каронавирус Сovid 19» бо ҳузури сартабиби Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Б. Муъминов, муовини сартабиб Б. Набиев, професор М. Қаҳҳоров ва даҳҳо нафар пизишкони ин муассисаи тандурустӣ сурат гирифт.

Дар вебинар табибони машҳури ҷаҳонӣ аз ҷумҳурии халқии Хитой, Русия, Беларус, Ӯзбекистон, Қазокистон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.

Дар ҷараёни телеконфронс - вебинар аз тарафи табибон оид ба муолиҷаи беморони илтиҳоби шадиди шушҳо ва мубориза алайҳи каронавирус Сovid 19 мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ташхиси саривақтӣ ва пешгирии воридшавии вирус аз ҷойҳои номусоид - асоси чорабиниҳои зиддиэпидемиявию зиддиэпизоотиро ташкил медиҳад. Ҳамаи шахсони аз минтақаҳои номусоид воридшударо фавран дар муддати на кам аз 14 рӯз дар карантин, ҷудо нигоҳ медоранд ва ҳатман бо ин шахсон чорабиниҳои ташхисӣ, пешгирикунанда ва табобатӣ гузаронида шавад. Ҷойҳои хавфноки сироят безараргардонӣ (дезинфексия) карда шаванд. Истифодаи ниқоб(даҳонбанд), мунтазам шустани дастон бо собун, ҳамарӯза иваз намудани ниқоб ва безарар гардонидани ниқоб дар оби ҷӯш тавсия дода мешавад. Барои баланд бардоштани масъуниятнокӣ(иммунитет) ҳарчи бештар истеъмол намудани ғизоҳо ва алалхусус аз сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз(чеснок) ҳамчун фитонсид мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол аз ҷониби вирусшиносони олам садҳо намудани доруҳои зиддивирусӣ истеҳсо ва дар пайи омӯзиш қарор доранд.

Таъкид гардид, ки дар чунин вазъияти ҳассос ҳамагонро зарур аст, ки аз ин хатарҳо ва таҳдидҳо наҳаросида, роҳҳои табдил додани онҳоро ба имкониятҳои нав ва мусоид барои таъмини сиҳатии мардум пайдо намоянд. Таърихи тамаддунофари тоҷикон худ собит месозад ва шароити имрӯзаи вазнину номусоиди ҷаҳон низ тақозо менамояд, ки танҳо ба он халқу миллатҳо роҳи баромадан аз мушкилиҳо ва шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам месозад, ки қудрати бебаҳои табдил додани бадиҳоро ба некиҳо доранд.

Дар поёни вебинар қарор карда шуд, ки минбаъ баргузории чунин шакли конфронсҳо мунтазам ба роҳ монда шавад, зеро ҳадаф аз баргузории он мубодилаи таҷриба байни табибон ва истифодаи усулҳои муосир барои табобати беморон мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд