(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз аз беморхонаи марказии бачагонаи вилоятӣ ба марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои шаҳру навоҳии ҳияҳо 53 намуд доруҳои лозимаи мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ, аз қабили «Офлоксин», «Азитромицин», «Эуфилин», «Оме-плюкс» ва ғайраҳо тақсим карда шуданд.

Ин тадбир дар доираи татбиқи ташаббусу иқдомҳои иҷтимоӣ ва бо пайравӣ аз хислатҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19 бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифта, он ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас гардиданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус як қатор иқдомот амалӣ шуда истодааст, ки он ба сиҳатии комили шаҳрвандон нигаронида шудааст. Дар баробари доруворӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба тамоми табибони муборизабарандаи алайҳи бемории короновирус корҷомаҳои муҳофизатӣ, маводҳои безараргардонӣ ва дигар маводҳо ройгон дастрас карда шуда истодааст.

Ин кӯмак ва дастгириҳо имкон медиҳад, ки дар зудтарин фурсат мо алайҳи ин бемории короновирус ғолибият ба даст меорем ва мардум ба зиндагии бомарому пур аз орзуи худ бармегарданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд