(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа нахуст оид ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» дар шаҳр аз ҷониби муовини аввал ва муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба баррасии мушкилоти ба миён омада ҷалб намуда, баҳри ҳалли ҳарчи зудтари он ба масъулин дастур супоришҳо дод.

Маъруф Муҳаммадзода ҳамзамон ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти сохторҳои шаҳрдорӣ, бахусус сарраёсати ободонӣ ҷалб намуда, дастур дод, ки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба корҳои ободонӣ вусъат дода шавад.

Корхонаҳои саноатӣ низ баҳри истеҳсолоти маҳсулоти ватанӣ самаранокии фаъолиятро ба роҳ монда, роҳбарони он барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» миёни кормандон чора андешанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ маҳсулоти нимтайёр ҷиҳати дӯхтани ниқобҳо ба дӯзандагони хонашин пешниҳод шудааст ва барои ба самъи онҳо расонидани чунин тадбири муҳим масъулин бояд фаъолнокӣ зоҳир намоянд. Зеро шаҳрвандон дар баробари хонашинӣ даромади иловагӣ пайдо хоҳанд намуд.

Ҳамчунин шаҳрвандонро зарур аст, ки то ба эътидол омадани вазъ аз баргузории тӯю маъракаҳо худдорӣ намоянд. Фурӯшандагони яклухти масолеҳи кишоварзӣ фаъолияти худро дар бозорҳои ташкилнамудаи «Гӯшаи деҳқон» дар маҳаллаҳо роҳандозӣ намоянд.

Маъруф Муҳаммадзода иттилоъ дод, ки ба 22 маҳаллаҳои шаҳр як ададӣ дастгоҳҳои дорупошӣ тақдим карда мешавад, то ин ки шаҳрвандон дар баробари сохторҳои шаҳрӣ баҳри тамизгардонии манзили худ саъю кӯшиш намоянд.

Фаровон намудани маводи озуқавории мағозаҳои бузурги шаҳр муҳим арзёбӣ карда шуд ва ҳамзамон ба тадбирҳои беҳдоштӣ дар ин марказҳои савдо авлавият дода шавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода зимни вазифагузорӣ ба масъулини дахлдор аз ҷумла таъкид дошт, ки ин ҳама тадбирҳо баҳри пешгирии бемории сироятӣ роҳандозӣ гардида, масъулин бояд ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ, назорати кӯдакону наврасон зимни таътил, бидуни зарурат ба кӯча набаромадани калонсолон тадбирҳо андешанд.

Таъкид гардид, ки кори бомароми бозорҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зери назорати қатьӣ гирифта шавад.

Бо вазифагузориҳо ба кори ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд