(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар саҳни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, муовини раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Хайрулло Ғайбуллозода ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Ситод раванди фаъолияти мубориза оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19», дар шаҳри Хуҷандро марвиди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби сохторҳои шаҳрдорӣ ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбон ва манзили шаҳрвандон корҳои безараргардонӣ ҷараён дошта, он дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Дар беморхонаҳо беморон зери назорати доимии духтурон ва ғамхории Давлату Ҳукумат қарор доранд.

Имрӯз беморхонаҳо бо доруворӣ ва маводи хӯрока таъмин гардида, дар марказҳои саломатӣ низ духтурон шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд.

Зикр гардид, ки шаҳрвнадон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии навъи коронавирус набояд ба ҷойҳои серодам раванд, аз дастфишорӣ худдорӣ намоянд, тез-тез дастони худро бо собун ё ин ки бо маҳлулҳои безараркунонишуда шӯянд, ба оддитарин қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намоянд, бидуни зарурат ба кӯча набароянд. Муҳимтар аз ҳама худ ва атрофиёнро эҳтиёт намоянд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба воридоти мусофироне, ки ба шаҳри Хуҷанд ворид мешавад, дода шуд, ки онҳо низ як муддат бидуни аз воридшавӣ ба маркази маъмурии вилоят худдорӣ намоянд. Дар сурати ворид шудани ин шаҳрвандон чораҳои рияои гигиенӣ ва эҳтиёткорӣ амалӣ карда шаванд. Зеро бояд ҳар як фард андеша намояд, ки эҳтиёти худ ин эҳтиёти на танҳо хонадони худ, балки тамоми шаҳру вилоят аст.

Дар охири ҷаласа изҳори умедворӣ карда шуд, ки бо сарҷамъию муттаҳидӣ, саъю талоши якҷоя ва албатта, бо кӯмаку дастгирии ҷомеаи меҳнатӣ, бо саъю кӯшиши муштараки сокинону соҳибкорони бонангу номуси шаҳру деҳотамон ин мушкилотро паси сар мекунем, аз ин вабои аср раҳоӣ меёбем ва ба рӯзгори орому осоиштаи худ идома мебахшем, шаҳри азизамон Хуҷанди бостониро боз ҳам ободу зеботар мегардонем.

Бо вазифагузориҳои дигар соҳаҳо ба кори ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд