(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Ширин Исматуллолода, муовини Сарвазири мамлакат ҷаласаи Ситоди навбатӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Аз ҷониби масъулини Раёсатии тандурустии вилоят маълумоти муфассал оид ба қабул, муолиҷа ва вазъи беморон дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки алҳол тамоми имконият ва иқтидорҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ сафарбар карда шудааст. Духтурон бо корҷома ва дигар маводҳои беҳдоштӣ таъмин гардида, дар беморхонаҳо се маҳал хӯроки гарм ташкил шудааст. Тамоми дорухонаҳо бо доруҳои зарурӣ таъмин ва имрӯз аз ҷониби соҳибкорон боз якчанд номгуй дорувориҳо ба миқдори зиёд ба ҳудуди вилояти Суғд ворид гардиданд. Дармонгоҳҳо низ шабонарузӣ фаъол буда, духтурон сарҷамъона меҳна намуда истодаанд.

Ширин Исматуллолода, муовини Сарвазири мамлакат таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри тақвияти бештари корҳо дар самти мубориза алайҳи паҳншавии бемории каронавирус «Covid-19» дар вилояти Суғд намуда, аз масъулин талаб кард, ки ҷиҳати пешниҳоди муаммову мушкилоти ҷойдошта фаъол бошанд ва дар якҷоягӣ барои рафъи он чораҳо андешанд. Ширин Исматуллозода ба масъулини дахлдор ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қиматшавии маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода, ҳамзамон баҳри ворид намудани доруворӣ аз хориҷи кишвар бо ҷалби соҳибкорони дар ин самт фаъол буда, машварат дод.

Таъкид гардид, ки имрӯз 15 ширкатҳои машҳури воидкунандаи маводҳои доруворӣ дар вилоят фаъол буда, аз имтиёзу дастгириҳои доимии Давлату Ҳукумат бархӯрдоранд. Вобаст аба вазъи имрӯза эшон ҷиҳати фаровонсозии маводи доруворӣ ва паст кардани нархи он саҳмгузорӣ намоянд.

Бо вазифагузориҳои дигар ба ҷаласаи Ситод ҳусни анҷом бахшида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ширин Исматуллолода, муовини Сарвазири мамлакат айни ҳол 10 рӯз инҷониб бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор доранд. Масъули Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешгирии бемории каронавирус «Covid-19» дар вилояти Суғд таъин шудаанд.

Ширин Исматуллолода, муовини Сарвазири мамлакат ҳамарӯза 2 маротиба бо масъулини тандурустии вилоят Ситод гузаронида, дар як вақт аз шаҳру навоҳии вилоят боздид намуда истодаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд