(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲамшаҳриёни азиз!

Муҳтарам сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд

Имрӯз тамоми ҷаҳонро бемории сироятии COVID 19 фаро гирифтааст. Ахиран ҷумҳурии азизи мо низ пас аз истодагарии тамом ва андешидани чораҳои пурзӯри пешгирӣ, мутаасифона бо ин вабо рӯ ба рӯ шуд.

Таҷрибаи давлатҳои алоҳида нишон медиҳад, ки бо ин вирус муборизаи илман асоснок бурдан мумкин аст ва имрӯзҳо аллакай олимони соҳаи биология ва тиб таъкид бар он доранд, ки Коронавирус ба он ҳадде, ки муаррифиаш мекунанд, кушанда нест.

Имрӯз дар қаламрави кишвар Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус- COVID 19 таҳти роҳбариии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъсис гардидааст ва ин гуна ситодҳо дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо низ амал мекунанд. Тамоми тадбирҳо ҷиҳати пешгирии ин беморӣ андешида шуда истодааст ва он зери назорати доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Имрӯз тамоми марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд ба қабул, ташхис ва табобати беморон омода ҳастанд ва ҳамаи шароит барои он муҳайё гардидааст. Танҳо мо бояд сабуриро пеша намоем.

Бино ба маслиҳати табибон аз ин касалӣ тарсидан, воҳима кардан ҳеч зарурат надорад. Бо риояи қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, шустани пайвастаи дастҳо ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавон ба ин касалӣ мубтало нашуд. Дар ҳоли мубтало шудан ҳам ҳеҷ ҷойи воҳима надорад. Инро аксари мардум хеле осон аз сар мегузаронанд. Муҳим он аст, ки ба таҳлука наафтем, воҳима накунем. Таърих гувоҳ аст, ки вазниниҳои аз ин гаронро мардуми шарифи тоҷик бо сари баланд паси сар кардааст.

Дар шароите, ки соҳаи тиб ба дастовардҳои беназир дар роҳи беҳдоштӣ мерасад, тандурустӣ ҳамчун як самти афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ эълон гардида, солимии миллатро ҳамчун боигарии давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ қарор додаанд, нест кардани ин вирус аз сарзамини биҳиштии мо фақат чанд кори оддиро аз ҳар яки мо талаб мекунад. Чанд кору амали оддӣ, аммо бениҳот муҳим. Ин риоя кардани тавсияҳои мутахассисон, яъне духтурони мо мебошад. Ба таҳлука наафтем. Тарс ақлу ҳушро кунд намуда, баданро заиф менамояд.

Имрӯз дар маҳаллаҳои шаҳр шахсони масъул, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, азҳоби сиёсӣ ва донишмандон бо корҳои тарғиботӣ моҳияти масъаларо барои умум боз ҳам равшану возеҳтар фаҳмонида истодаанд. Мо бояд риояи гигиенаи шахсӣ, талаботи масофагирии байни одамон, мусофирон, мизоҷон ва хонашиниро ба ҳадди имкон ҳарчи тезтар амалӣ намоем. Зеро бо иҷрошавии дурусти онҳо дар муддати кӯтоҳ аз беморӣ халос шуданамон имконпазир аст.

Фурӯшандагон, хазинадорону хизматчиёни марказҳои савдо бояд пурра талаботи гигиениро риоя намоянд. Дар нуқтаҳои фурӯши таъомҳо ба ҳадди имкон безараргардонии зарфҳо ва ҷойи нишастро таъмин намудан зарур аст. Беҳтар аст, ки аз зарфҳои яккарата истифода намоянд. Инчунин ошпазҳою хизматчиён ҷиддан қоидаҳои гигиениро риоя намоянд.

Шаҳрвандони муҳтарам!

Барои ҳифзи саломатии хеш ва фарзандону пайвандон баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус «COVID-19» аз ҳар якеи Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намоед: -дар хонаҳои худ шинед, ба кӯча танҳо дар ҳолати зарурӣ бароед; -дастони худро мунтазам бо собун шӯед; -гулӯву биниро бо намакоб чайқонед; -оби ҷӯши гарм нӯшед; -ба кӯча танҳо бо ниқоб бароед; -тариқи дастфишурӣ салом нанамоед; -масофаро бо атрофиён риоя намоед (то 2м); -аз истифодаи ҳар гуна доруворӣ бе маслиҳати табибон худдорӣ кунед! - дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ба духтури оилавӣ муроҷиат намоед…

Барои ҳамаи мо вақти он фаро расидааст, ки масъулиятро дар назди миллату Ватан ҷиддан ҳис намуда, андешаю суханҳои баланди инсонпарваронаи худро дар амал татбиқ намоем. Албатта моро рӯзҳои хуш дар пеш интизор аст. Мо танҳо дар якҷоягӣ, бо Ваҳдати комил аз ин вабониз халос гардида, ба зиндагии муқаррарии худ бармегардем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд