(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ситод оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси COVID-19 таҳти роҳбарии директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ташкил ва фаъолиятро хешро дар ҳамаи самтҳо ҷоннок намуда, ҳамарӯза аз ҷониби масъулин тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Бо дастури роҳбарияти донишкада ниқобҳои гигиении ҳифзкунанда дар парки технологии ин муассисаи олии таълимӣ бо роҳбарии омӯзгори кафедраи дизайн ва меъморӣ З. Бобоева омода карда шуда, ба 4200 нафар донишҷӯён, ҳамзамон 340 нафар омӯзгорону кормандони донишкада дастрас карда шуд.

Ҳамзамон ба 200 нафар кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хазинаи ҷумҳуриявии Ситоди доимоамалкунанда оид ба мубориза бар зидди вируси нави COVID-19 ниқобҳои гигиёнӣ ирсол карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз ҷониби роҳбарияти донишкада ба духтурони шифокор, ки шабонарӯзона софдилона меҳнат карда, ба солимгардонии беморон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, дар муддати 7 рӯз 3 маротибагӣ бо хӯроки гарм ва 30 дона либоси махсус ва ниқоби тиббии ҳифзкунанда таъмин карда шуданд.

Дар оянда низ фаъолияти эҳсонкорӣ идома дода мешавад, то қадре ҳам бошад сатҳи зиндагии табақаи ниёзманди аҳолӣ беҳтару хубтар гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд