(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19, кӯмак ба ашхоси ниёзманд, ба аҳолӣ фаҳмондани корҳои пешгирикунанда, риояи дастуру супоришҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодгардида аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри шаҳри Хуҷанд, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ бо амали хайрхоҳона як гурӯҳ оилаҳо ва нафарони алоҳидаи маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонови шаҳри Хуҷанд муроот намуд ва ихтиёрони донишкада ба онҳо маводи ғизоӣ расониданд.

Кӯмаки моддиро орду равған, шакар, марҷумак, макарон, нон, равғани маска ва ҳалво фаро гирифт. Таъкид гардид, ки Давлату Ҳукумат дар ин лаҳзаҳои ҳассос чунин ашхоси ниёзмандро ҳаргиз танҳо намегузорад. Ин иқдом хайрхоона, таҳти унвони “Пешвои миллат - ғамхору пиру ҷавон” дар оянда низ дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии вакили шаҳрӣ ва вилоятӣ Дилафрӯз Саидӣ идома хоҳад ёфт.

Шахсони аёдатшудаи маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонови шаҳри Хуҷанд бо эҳсоси шодмонӣ аз ин икдоми саховатмандона миннатдорӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки ҳамаи ин кӯмаку дастгириҳо аз ғамхориҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъво мегирад. Бинобар он ҳар яки моро зарур аст, ки шукри ин ватани биҳиштосо, ин мардуми сарбаланд ва ин сарвари ғамхору раиятпарварро намуда, барои рушду шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз дуо намоем.Ҳеҷ гоҳ ба воҳимаву дасисаҳои мардуми балвогар нашуда, бояд ба зиндагии рӯзмарра ва осоишта идома дода, ба реҷаи кории ҳаррӯза ва ҳаёти осоишта дар доираи тадбирҳои пешгирикунанда аз ин беморӣ фаъолиятамонро идома диҳем.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъолу ватандӯст гуруҳи ихтиёрӣ ташкил гардидааст, ки онҳо метавонанд ба ниёзмандон эҳсону хайрхоҳии ашхоси саховатмандро бидуни мамоният расонанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳамасола дар саросари кишвари соҳибистиқлоли мо моҳи шарифи Рамазон чун моҳи эҳсонкорӣ истиқбол ва Иди Саиди фитр чун иди аҷдодӣ ва садоқату меҳрубонӣ таҷлил карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ чунин қайд намуданд: “Лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон кӯмак кардан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, забони пок, муомилаи хуб, ахлоқи нек ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки риояву гиромидошти онҳо дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон шарт ва зарур дониста шудааст”.

Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимони кул, ниёзмандону собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат ва аёдати беморон яке аз амалҳои шарифи инсонӣ маҳсуб меёбад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд