(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ баҳри ҳифзи саломатии ҳамсафонашон – кормандони тиб, ки бо масъулияти баланд дар беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд, ки ҷиҳати безараргардонӣ, пешгирӣ ва нигаҳдории солимии ҷомеа ҷаҳду талош доранд, як миқдор либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб, маводҳои безараргардонӣ, гигиенӣ ва маводҳои хӯрока дастрас гардид. Ин амали созандаи ҳизбиён дар шаҳру навоҳии вилоят пайравони худро пайдо карда, сокинон, хосса ҳизбиён баҳри пешгирӣ аз ин бемории сирояти чораҳои муассир андешида истодаанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи сиёсиву ҷамъиятии бузургу тавонои мардумии кишвар бо ҳадафҳои неку созанда ва инсонпарваронаи хеш эътимоду боравии халқро сазовор аст. Ин эътиқоду боварӣ ҳизбиёнро водор намудааст, ки дар ҳама маврид ҳампаҳлӯи ҷонибдорону ҳамсафони хеш бошанд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории короновирус — COVID-19 тадбирҳои амалӣ андешида истодаанд. Дар меҳвари ин амалҳои пешгирикунанда кормандони соҳаи тиб, бо масъулияти бузург чораҷӯӣ доранд, ки онҳо як гурӯҳи бузурги узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд