(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШоми гузашта тахминан соатҳои 19-21 бар асари вазидани шамоли сахт ва борони пуршиддат дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд зарари моддӣ расонида шуд, хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифт нашудааст.

Дар баробари рух додани офати табиӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ситод ташкил ва масъулини дахлдор барои бартараф намудани зарарҳои расонидашуда сафарбар гардонида шуданд.

Тибқи иттиллои масъулини Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр офати таббӣ асосан ба дарахтону ноқилҳои барқӣ таъсир расонидааст. Беш аз 50 бех дарахтони азимҷусса афтида, ба иншооти гуногун таъсири моддӣ расонидаанд. Ҳамзамон ноқилҳои барқи дар маҳаллаҳои шаҳр канда шуда, боиси як муддат қатъ гардидани барқ низ шуд, ки дар фосилаи кӯтоҳ ба манзили сокинон қувваи барқ барқарор карда шуд.

Ҷӯйборҳо бинобар боридони борони зиёд пур аз партов гардиданд, ки он аз тарафи кормандони корхонаи хизматрасонии нақлиёти санитарӣ бартараф гардида истодаанд.

Иншооти гуногуни бунёдшаванда, ки ҳудудашон бо тунукаҳо гирифта шуда буданд, бар асари вазидани шамол девори иҳотавиашон афтида, дар бархе маҳаллаҳо боиси халалдор шудани ҳаракати нақлиёт гардидааст, ки он низ бартараф шуда истодааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз лаҳзаҳои аввали рух додани ҳодисаи табиӣ қабл аз ҳама аз иншооти ҳаётан муҳим соҳаи тандурустиву маориф ва муассисаҳои дигари давлатӣ боздид ба амал оварда, аз вазъи ҳол аз наздик шинос гардид.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ин офати табиӣ дар ҷараён буда, тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби масъулин дар зудтарин фурсат тамоми инфрасохтори зиёнрасида барқарор мегарданд.

Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз шаҳрвандон эҳтиромона даъват ба амал меорад, ки хотири хешро ҷамъ намоянд, имрӯз тамоми имконоту шароиту ғамхориҳо ва зиндагии шоиста, новобаста аз вазъи ҳассоси сайёра аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муҳайё гардидааст ва мо дар якҷоягӣ диёри азизамонро боз ҳам ободу зебо ва хуррам мегардонем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд