(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа муҳтавои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода сурат гирифт, ба самъи аъзои Ситоди шаҳрӣ расонида шуд.

Таъкид гардид, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шуд.

Ҳамчунин тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо назардошти вазъияти мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ аз таърихи 25-уми апрели соли 2020 муваққатан аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот кардани ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгиҳо, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ гардид.

Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ҳамчунин дар тамоми қаламрави мамлакат муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода зимни вазифагузорӣ ба масъулини дахлдор аз ҷумла таъкид дошт, ки ин ҳама тадбирҳо баҳри пешгирии бемории сироятӣ роҳандозӣ гардида, масъулин бояд ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ, назорати кӯдакону наврасон зимни таътил, бидуни зарурат ба кӯча набаромадани калонсолон тадбирҳо андешанд.

Махсус супориш дода шуд, ки бояд шаҳрвандон дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан ҳатман "Ёрии таъҷилии тиббӣ"-ро даъват намоянд.

Таъкид гардид, ки кори бомароми бозорҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зери назорат гирифта шавад, савдои кӯчагӣ аз байн бардошта шавад.

Бо вазифагузориҳои дигар соҳаҳо ба кори ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд