(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви микроноҳияи 13-уми маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд дар баробари дигар маҳаллаҳои шаҳр корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни як боздид аз микроноҳияи 13-уми шаҳр бо раванди корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии 9 ошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ ошноӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сохта шуда истодааст. Дар умум 27 хона буда, он аз як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат аст.

Дар ҳамин мавзеъ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷаъфар Абдусатторов бунёд шудааст, шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки он аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда. Дар 2 ошёнаи он қаҳвахона ва дар як ошёна маркази истироҳату фароғат ва бозии кӯдакона ташкил карда мешавад. Дар сурати пурра ба истифода додани ин иншоот беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба соҳибмулк ҷиҳати сабзу хуррам ва ободонии атрофи иншоот дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд