(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади огоҳӣ аз раванди бунёди гузаргоҳи зеризаминии кӯчаи Шарқи мавзеъи бозори марказии "Панҷшанбе" ва ҳолати ин кӯчаи мазкур боздид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин гузаргоҳи зеризаминӣ корҳо вусъат бахшида шуда, дар он сохтмончиён кору фаъолият доранд.

Гузаргоҳи зеризаминӣ бо паҳноии 18 метру дарозии 260 метр бунёд шуда, дар он сохтмони 74 нуқтаи савдо пешбинӣ гардидааст ва баъди истифодабарии он беш 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Гузаргоҳи зеризаминӣ 10 адад даромадгоҳ дошта, дарозтарин гузаргоҳ дар қаламрави Тоҷикистон муайян гардида, бо хусусиятҳои хос, аз ҷумла бо мӯриҳои ҳавокаш таҷҳизонида шудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дастур дод, ки ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳо андешанд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба кӯчаи Шарқ, ки аз болои ин гузаргоҳи зеризаминӣ мегузарад, дода шуд. Таъкид шуд, ки ҳар чӣ зудтар барои равуои бемайлони мардум шароит муҳайё карда шавад. Барои мошинҳо ҷадвали муайяни ҳаракат тартиб дода шуд, равуои онҳо танзим карда шавад. Ҳамзамон барои фурӯшандагони маҳсулоти кишоварзӣ шароит муҳайё гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд