(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри бостонии Хуҷанд аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст иншооти гуногуни хизматрасонӣ бунёд карда мешаванд. Аз ҷумлаи чунин иншоот тарабхонаи брендии «Форел» мебошад, ки дар соҳили рости дарёи Сир бунёд шуда истодааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди сохтмони тарабхонаи «Форел» ошноӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тарабхонаи «Форел» барои ҷалби сайёҳон бахусус хориҷиён нигаронида шуда, дар атрофи он барои шаҳрвандон мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад. Аз ҷумла бунёди як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Алҳол таҳкурсии иншоот пурра ба итмом расида, корҳои васлкунии дигар ҷодаҳои иншоот бомаром идома дорад. Муассиси ширкати «Форел» Муҳсин Шодиев иттилоъ дод, ки иншоот аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, дар масоҳат 960 метри мураббаъ сохта мешавад. Алҳол дар иншоот наздик 20 нафар фаъолияти пурсамар доранд ва баъди истифодадии он беш аз 25 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти ширкати «Форел» ҷиҳати суръатбахшии босифати корҳо дастуру супоришҳо дода, баҳри ободонии атрофии он, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ машварат дод.

Ҷоиз ба зикр аст, ки тарабхонаи «Форел» аз ҷониби ҶДММ «Форел» давоми соли ҷорӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад. Ин тарабхона боз як мавзуъи истироҳатӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ хоҳад гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд