(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд”, корхонаи дӯзандагии “Зиннат” ва Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Шероз”-и шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос шуд.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, дар корхонаҳои “Нассоҷи Хуҷанд” ва “Зиннат” бо назардошти зиёд гардидани ҳолати сироятёбии сокинони кишварҳои хориҷи дуру наздик ба коронавируси COVID-19 ва бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Хушбахтона то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва тадбирандешиҳо ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд”, ки ба истеҳсоли матоъҳои хушсифати пахтагин машғул аст, айни замон 3 намуди ниқобҳои тиббӣ бо истифода аз дока ва хомсуф тайёр карда мешаванд. Корхона дорои иқтидори бузург буда, метавонад миллионҳо дона ниқоби тиббиро истеҳсол ва вориди фурӯшгоҳҳо созад.

Алҳол дар як шабонарӯз ин корхона то 4000 дона ниқобҳои муҳофизатӣ истеҳсол намуда, истодааст, ки рӯзҳои наздик ҳаҷми истеҳсоли он бо ба роҳ мондани сехҳои нав дучанд меафзояд.

Ин корхона чанд рӯз қабл ба истеҳсоли халатҳои муҳофизатии тиббӣ низ оғоз намудааст, ки истеҳсоли шабонарӯзии ин навъи маҳсулот то 200 адад мебошад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки дар баробари истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва халатҳои муҳофизатии тиббӣ ҳамзамон дар самти ба роҳ мондани сару либоси мактабӣ ва шиму костюми мардона тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Зеро барои истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар баробари талаботи бозори дохилӣ ҳамзамон маҳсулоти хом мавҷуд аст. Ҳамзамон майдони истеҳсолии ин корхона ҷавобгӯ ба ҳамагуна истеҳсолот аст. Яъне заминаи мусоид фароҳам аст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки баҳри пешгирии қиматшавии нарх ва дар вақти зарурӣ пешниҳоди аҳолӣ намудани ниқобҳои тиббӣ истеҳсоли ин навъи маҳсулот зиёд карда шуда, то 10 миллион дона ниқоби тиббӣ захира карда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ниқобҳои истеҳолшавандаи ин корхона бисёркарата буда намиро намегузаронад ва зимни шустушӯйи он фарсуда намегардад, хусусияти худро гум намекунад. Нархи фурӯши ин ниқобҳо дар корхонаи мазкур 1 сомонию 50 дирам ва 1 сомонию 65 дирам муайян гардидааст. Мизоҷон метавонанд ин гуна ниқобҳои муфиди сифатан тоза ва арзонро аз худи коргоҳ дастрас намоянд.

Дар идомаи боздид Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода аз корхонаи дӯзандагии “Зиннат” дидан кард ва барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва теъдоди коргарон тавсияҳои муфид дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхонаи дӯзандагӣ низ истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуда, дар як шабонарӯз то 4000 адад истеҳсол мегардад. Ин ниқобҳо низ бо маҳсулоти хоми ватанӣ истеҳсол гардида, сифати хуб дорад.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Шероз” дидан намуд. Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Шероз” соли 2014 дар назди Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Зиннат” бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ ифтитоҳ гардида буд. Маъруф Муҳаммадзода пас аз шиносоӣ бо фаъолияти марказ ба масъулин ҷиҳати ба фурӯш гузоштани маҳсулоти истеҳсолшаванда, ҷалби бештари занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки корхонаҳои нассоҷии шаҳри Хуҷанд барои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ захираи кофӣ дошта, дар сурати зарурӣ метавонанд на фақат аҳолии шаҳр, балки дигар шаҳру навоҳии вилоятро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд