(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба тавсиб расида, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни мазкур тасдиқ шуданд. Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд барои баргузории ин озмун наздик 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки ин озмун бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳандозӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ғолиби даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар Душанбе аз рӯи чор номинатсия хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Бунёд дониста шуда, ба ӯ Шоҳзоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони классики тоҷик хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Шабеҳа, дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони муосири тоҷик хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81-и шаҳри Душанбе Шукрона Хоҷамқулова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик хонандаи муассисаи таълимии хусусии «Раҳнамо» Раҳнамо Муҳаммад ва дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адабиёти ҷаҳон донишҷӯи факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шабнам Одинаева бо хулосаи ҳайати ҳакамон сазовори ҷойҳои аввал дониста шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд