(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҶаласаи навбатии Шӯрои маорифи шаҳри Хуҷанд дар гимназияи №1-и шаҳр бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода баргузор гардид.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи Шӯро шинос намуд.

Сипас, мудири шуъбаи маорифи шаҳр доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар семоҳаи аввали соли равон маълумоти муфассал ироа намуд.

Таъкид гардид, ки алҳол дар 93 мактабҳою кўдакистонҳои давлатию хусусӣ ва маркази таҳсилоти иловагӣ 42 ҳазору 460 нафар хонандагон ва 10 ҳазору 286 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 2 ҳазору 995 нафар омўзгорону мураббиён дониш меомўзонанд. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи омўзгорони фаннӣ низ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар иртибот ба ин, тибқи нақшаи тасдиқгардида дар соли 2020 406 нафар омўзгорон бояд аз курси такмили ихтисос гузаранд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 294 нафар омўзгорони фаннӣ савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки он 72 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Дар се моҳаи аввали соли равон дар муассисаҳои таълимӣ 18 адад компютер, 3 адад принтер, 3 адад тахтаи электронӣ ва 4 адад проектор харидорӣ карда шуда, Айни замон, дар 47 муассисаҳои таълимӣ 71 синфхонаҳои компютерӣ амал мекунанд, ки дар он 1610 компютерҳо, принтерҳо 220 адад, тахтаи электронӣ 161 адад ва проектор 215 адад мавҷуд буда, ҳамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ пайваст карда шудаанд.

Зикр гардид, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд муаммоҳои ҳалталаби соҳаи маориф, аз ҷумла норасоии кадрҳои соҳибкасби омўзгорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиёт аҳамияти махсус зоҳир намуда, пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад. Дар ин самт як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Дар ҷараёни кори Шӯро пешниҳоди прокуратураи шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода баромад намуда, оид ба масъалаҳои умдаи соҳаи маориф, аз ҷумла фаъолияти марказҳои техногогияҳои иттилоотӣ, ташкил ва баргузор намудани озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, ҷоннок намудани тадобири эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати иҷрои он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо вазифагузорӣ ва муайян намудани ҷанбаҳои фаъолият ба ҷаласаи Шӯрои маориф шаҳри Хуҷанд ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд