(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иқдоми бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ дар Хона –осорхонаи «Эргашбойбача» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Меҳмонон нахуст аз Хона – осорхонаи «Эргашбойбача» боздид намуда, аз ин бинои таърихии начандон дур бардошти хубе карданд.

Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода баромад намуда, ҳамагонро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ табрику таҳният намуда, аз ҷумла афзуд, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани фарҳанги аҳолӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба арзишҳои умумиинсонӣ ва дар байни аҳолӣ густариш додани донишҳо роҷеъ ба мероси таърихӣ – фарҳангии халқ, ва дар омӯзиш, тармим ва аз вайроншавӣ нигоҳ доштани онҳо мусоидат хоҳад намуд. Боиси сарфарозии мо аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушду нумуи бемайлони соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди инфрасохтор,инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллӣ, рушди соҳаҳои хизматрасониву сайёҳӣ ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳр 36 ёдгориҳои таърихӣ, 5 ёдгориҳои археологӣ, 21 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад.

Сипас, ходими илмии Хона – осорхонаи «Эргашбойбача» дотсент Муҳиддин Файзуллоев ва шоир Ӯлмаси Хол доир ба фарҳанг,арзишҳои миллӣ, эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ баромади муфассал намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд