(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ қарор ба тавсиб расид.

Тибқи қарори мазкур, барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, аз ҷумла: мудири бахши манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд; сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд; сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд; сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд; сармутахассис – котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд; сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд; мутахассиси пешбари бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд; мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд озмун эълон карда гардидааст.

Довталабони озмун метавонанд ба шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд