(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСаноатчиёни шаҳри Хуҷанд дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна тавонистанд ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардидаро ба 283 миллиону 500 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 фоиз зиёд аст.

Таҳлили нишондиҳандаҳои давраи ҳисоботӣ собит намуд, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шумораи корхонаю муассисаҳо ба 1718 адад расида, теъдоди умумии кормандон 396 адад зиёд шудааст, 5 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ бо теъдоди 82 ҷойи кории нав таъсис дода шуд. Боиси қайд аст, ки баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи 5 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 72,4 дар сад афзудааст.

Дар соли ҳисоботӣ аз тарафи 16 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 74 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 26,2 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин аз ҷониби 63 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 101 миллиону 400 ҳазор сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ё 49,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар корхонаҳои шаҳр 95 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 48 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулот дар ин давра нисбат ба соли сипаригашта 2,4 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми барзиёд таъминшавии он 6 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Ин омилҳо барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва кам шудани маҳсулоти қаблан воридшаванда шароити мусоид фароҳам меорад.

Баҳри татбиқи саноатикунонии кишвар ва баланд бардоштани суръати афзоиш ва зиёд намудани иқтидори соҳаи мазкур моро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, захираҳои нерўи инсонӣ ва моддӣ чораҳои ҳаматарафаи судманд андешем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд