(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамасола бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ давраи муайян сайди моҳиҳо манъ карда мешавад.

Тавре ба мо аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, аз санаи 31 март то 15 июни соли 2020 сайди моҳӣ дар обанборҳои шаҳру навоҳии қаламрави вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст. Ин иқдом дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», моддаҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардида, нисбати ашхосе, ки дар ин давра моҳӣ сайд менамояд, қонунгузор ҷавобгариро пешбинӣ намудааст. Дар ин давра гузаронидани силсилаи рейдҳои муштарак бо мақомоти дахлдор ба нақша гирифта шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд