(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаи 11 апрели соли равон бо мақсади фаровон намудани дастрахони аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии нисбатан аз бозор арзон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил ва гузаронида мешавад.

Дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар майдони назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир хоҳад шуд. Дар ярмарка аз ҷониби намояндагони навоҳии кишоварзии вилоят анвои гуногуни маҳсулот бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон гардонида хоҳад шуд. Ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал соати 8-00 оғоз меёбад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд