(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади баланд бардоштани мақоми занону духтарон, рушди ҳунармандӣ, арҷгузорӣ ва гиромӣ доштани расму оинҳои мардумӣ, либоси миллӣ, забону фарҳанг, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, сулҳу суббот, дар рӯҳияи ифтихори милливу ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва масоили рӯзмарра бо иштироки фаъолони маҳаллаи Раззоқ мулоқот баргузор гардид.

Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муқаддас Шодибоева чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки аз ҷониби занони барӯманд ва фаъоли шаҳр ҳамарӯза дар ҳудуди маҳаллаҳо ҷиҳати аз байн бурдани бегонапарастиву тақлидкорӣ ва ҷилавгирии вуруди фарҳанги бегона дар пўшидани либос, пешгирии қонуншикании Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқотҳо сурат мегиранд, ки ҳадафи он арҷгузорӣ қабл аз ҳама ба қонунгузории мамлакат ва таҳкиму ваҳдату якдилӣ мебошад.

Зулфинисо Раҷабова, фаъолзан аз шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мо дар зиндагии ҳамарӯзаи хеш ба масъалаҳои сарфаю сариштакорӣ, риояи муқаррароти қонун дар бораи танзими расму оин ва маросимҳои миллӣ, таълиму тарбияи фарзандон, ободу зебо гардонидани маҳалҳои зист, пешгирии ҷинояткорӣ бахусус байни занон, ҷилавгирӣ аз бегонапарастӣ , пайравӣ ба фарҳанги аҷнабиён ҳамеша аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Мардуми мо аллакай манфиати танзими тӯю маърака ва дигар расму оинҳоро дар зиндагиву рӯзгори худ диданд. Аз ин рӯ, корро дар ин самт тавре ба роҳ бояд монд, ки сарфаю сариштакорӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа аҳамияти муҳим пайдо намояд ва шаҳрвандони мо итминон дошта бошанд, ки танзими расму оин ва мувофиқи талаботи қонун амал кардан дар ду-се соли оянда ба хеле баланд шудани сатҳи зиндагии ҳар як хонадон мусоидат менамояд. Мо бояд доим шукрона кунем, ки Ватани озоду соҳибихтиёр дорем ва дар фазои озоду осудаи он кору фаъолият менамоем. Зеро баракати хонадон ва пешрафти зиндагии ҳар як сокини шаҳр аз сулҳу суботи ҷомеа, тарбияи дурусти фарзандон вобаста буда, ақлу заковати афроди миллат ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар яки мо омили муҳим ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон дар арсаи олам мебошад.

Диловар Ғаниева, омӯзгори МТМУ №27 доир ба пайдоиш ва паҳншавии бемории нави сироятии каронавирус маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки шурӯъ аз 31 декабри соли 2019 мақомоти Чин ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хуруҷи бемории илтиҳоби шуши номаълум дар шаҳри Вуҳан, воқеъ дар қисми марказии ин мамлакат хабар доданд. Ин вирус як навъ зернамуди нав мебошад. Ин ба он хотир барангезандаи нав гуфта мешавад, ки дар марҳилаи имрӯза зиёда аз 30 намуди коронавирусҳо маълуманд. Дар аксар ҳолат ин вирусҳо метавонанд ба организмҳои зиндаи гуногун, аз ҷумла одам, ҳайвонот, паррандагону хазандагон сироятовар бошанд. Вируси мазкур ба он хотир зернамуди нав номида мешавад, ки дар баъзе ҳолатҳо байни зернамудҳои гуногун мубодилаи ирсӣ ба амал меояд ва ҳиссачаҳои ирсии як намуд ба ҳиссачаҳои ирсии намуди дигар гузашта, тағйирпазирӣ ё мутатсияро ба вуҷуд меоранд, ки дар натиҷа зернамуди нав пайдо мешавад. Роҳҳои гузариши ин беморӣ ҳавоӣ-қатрагӣ буда, он ҳангоми нафас гирифтан ва атсаву сулфа задан мегузарад. Ҳангоми атса ва ё сулфа задан бемор метавонад вирусро ба муҳити атроф паҳн намояд ва шахси солим дар мавриди риоя накардани масофае, ки байни шахси бемор ва солим ба андозаи на кам аз як метр муайян гардидааст, метавонад аз ин вирус сироят ёбад.

Иштирокдорони мулоқот бо пешниҳоду саволҳо андешаҳои хешро доир ба масъааҳои матраҳшуда баён доштанд.

Директори МТМУ Манзура Ёрматова мулоқотро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки рушди босуботи мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як узви ҷомеа тақозо менамояд, ки дар он саҳмгузорӣ намоем ва алайҳи бегонапарастиву зиёдаравиҳо мубориза оштинопазир барем.

Таъкид гардид, ки мо вазифадорем расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем, муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии фарҳангу тамаддуни миллӣ ҳифз карда, ҳамаҷониба инкишоф диҳем ва анъанаву маросимҳои қадимаи халқамонро чун сарчашмаи нодиру гаронбаҳо пеш аз ҳама дар тарбияи наслҳои ҷавон васеъ истифода барем. Эҳтироми инсон, пос доштани хотираи гузаштагон ва таҳкими пайвандҳои хонаводагӣ бояд аслу асос ва ҷавҳари онҳоро ташкил диҳад. Зеро мантиқу ҳикмати баргузории маросимҳо дар лаҳзаҳои шодиву хурсандӣ ва ғаму андӯҳ дар паҳлӯи якдигар будани пайвандону наздикон мебошад. Ин фалсафа ҳамзамон ҳадафи барпо намудани маросимҳоро низ муайян месозад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд