(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАз ҷониби муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» бахшида ба пешвози ҷашни 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ нахустин ҷилди «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ»-ро бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» дар ҳаҷми 300 саҳифа ба нашр расид, ки аз ҷониби кормандони ҷавони Марказ Иззатбек Шехимов ва Зоҳирҷон Юсупов таҳия ва тавзеҳ гаштааст.

Китоб фарогири матолиби сарчашмаҳои асосии шинохти шахсият ва ҷаҳонбиниву шеъри Шайх Камоли Хуҷандӣ буда, барои муҳаққиқони адабпажўҳ ва оммаи васеъи хонандагони тоҷик пешкаш мегардад. Он дар баробари фарогирии муҳимтарин маълумоти тазкираҳои қадиму муосир, ҳамчунин, матолиби китобҳоеро, ки роҷеъ ба нақду баррасии ашъори шоир пардохтаанд, шомил мебошад.

Дар китоби мазкур маълумоти сарчашмаҳое, ки дар замони Камоли Хуҷандӣ иншо шудаанд, аз қабили дебочаи девони шоир, китобҳои «Дастуру-л-котиб»-и Муҳаммади Нахҷувонӣ, «Ҷавоҳиру-л-асрор»-и Шайх Озарӣ ва ғайра дар ин радиф дар мадди назари аввал қарор гирифтааст. Дар ин замина, никоти норавшане, ки пиромуни ҳаёти шоир то кунун мавҷуд буд, бо баррасии чунин сарчашмаҳо равшан хоҳад шуд. Масалан, дар китоби «Дастуру-л-котиб фӣ таъйини-л-маротиб»-и Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ аз Шайх Камолуддин ном «марде дарвешу мустаҳиқ ва соҳибиёл» ном бурда мешавад, ки «аз ҷумлаи ҳутоми дунявӣ (молу сарвати дунё) боғчае дорад, ки мадади модаи маоши ў аз он ҷост».

Дар китоб кўшиш шудаааст, то маълумоти 77-сарчашмаҳо, аз ҷумла: «Дебоча»-и девони Камоли Хуҷандӣ, «Дастуру-л-котиб»-и Шамсуддини Нахҷувонӣ, «Ҷавоҳиру-л-асрор»-и Шайх Озарӣ, «Нафаҳоту-л-унс»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Маҷолис-н-нафоис»-и Амир Алишери Навоӣ, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Силсилату-л-орифин»-и Муҳаммади Самарқандӣ, «Мақсаду-л-иқболи-с-султония»-и Абдуллоҳи Воиз, «Маҷолису-л-ушшоқ»-и Камолуддини Ҳусайни Гозургоҳӣ, «Риҷоли «Ҳабибу-с-сияр»-и Хондамир оварда шавад.

Умедворем, ки китоби мазкур ёвари муҳаққиқони адабпажўҳ ва мақбули табъи хонандагони азиз хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд