(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳкимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо ва сардухтурони муассисаҳои тандурустии шаҳр ҷаласаи навбатии Ситоди омодагӣ ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маъруф Муҳаммадзода Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз бахшида иттилоъ дод, ки дар баробари омӯзиши раванди омодагӣ ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон масоили марбут ба вазъи эпидемологӣ ва чораҳои пешгирию омодагӣ сирояти коронавирус дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ мегардад.

Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовору шоиста таҷлил намудани 30 солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шуда, нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бо дарназардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо аз 341 банд тасдиқ гардида, ки дар он ба ғайр аз гузаронидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр, инчунин сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.

Танҳо давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ 79 адад иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд ва маҷмуъан то ба имрӯз 422 иншоот ба истифода дода шуданд.

Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани бандҳои Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза корбарӣ намуда, барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ва бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Сипас, Шодихон Ҷамшед муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари баррасии бандҳои Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои пешгирикунандаи бемории COVID-19, ки барангезандаи онро коронавирус ном мебаранд, андешаҳои хешро баён дошт.

Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд, идораву ташкилот новобаста ба самти фаъолият бояд барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ ва баланд бардоштани фарҳанги беҳдоштӣ (гигиенӣ)-и мардум ва дар баробари ин роҳ надодан ба воҳимаву хабарҳои бардурӯғ чораҳои зарурӣ андешанд. Инчунин қабл аз ҳама ба огоҳонидани мардум бояд диққати ҷиддӣ дод, зеро агар аҳолӣ маълумоти асоснок дошта бошад, ба ҳар гуна овозаҳо бовар нахоҳад кард. Донистани қоидаҳои беҳдоштӣ, ки қоидаҳои муҳимтарини пешгирии сироят мебошанд, пеши роҳи паҳншавии бемориро мегирад. Ба муассисаҳои дахлдор супориш дода шуд, ки назорати риояи қоидаҳои тамизгардонӣ ва безараргардонии бино ва коргоҳҳоро тақвият бахшида, бо кормандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда бошад ҳам, дар ин самт фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуд, зеро имрӯз як қатор давлатҳои абарқудрат алайҳи ин бемории умумиҷаҳонӣ бо вучуди доштани иқтидори тавоно оҷиз мондаанд. Моро ҳоло фурсат аст, ки дар муассисаҳои алоҳидаи соҳаи тандурустии шаҳр катҳо ва рахти хоб бо таҷҳизоти додани ҳавои сунъӣ омода карда шуда, маводи безараргардонӣ ва доруворӣ ба миқдори зарурӣ захира намоем.

Таъкид гардид, ки айни замон бемории мазкур дар аксари давлатҳои дунё ба қайд гирифта шудааст. Бахусус кишварҳои ҳамсояи моро нигарон намудааст. Ин вазъ муносибати ҷиддиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории мазкур аз ҳар як фарди хештаншинос тақозо мекунад.

Боиси зикр аст, ки тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ имрӯз коронавирус дар зиёда аз 200 кишвари дунё ба қайд гирифта шуда, гирифторони беморӣ зиёда аз як миллион ва шумораи фавтидагон беш аз 54 ҳазорро нафарро ташкил медиҳанд.Аз ин беморӣ 218 ҳазор шифо ёфтаанд. Ниме аз гирифторон ва 70 дарсади қурбониёни ин вирус дар Аврупо ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки ин вирус дар Амрико ба суръат дар ҳоли паҳн шудан аст. Хушбахтона, Дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин аҳолӣ бояд оид ба аломатҳои асосӣ ва қоидаҳои пешгирӣ маълумот дошта бошанд. Аломатҳои асосии беморӣ ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушк ва нафаскашии душвор ҳисобида мешавад. Барои пешгирии сироятёбӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама тоза нигоҳ доштани дастон зарур аст. Дастонро зуд-зуд бо собун бо риояи тарзи дурусти дастшӯӣ шустан ё бо маҳлулҳои безараргардонӣ тоза кардан зарур аст. Инчунин аз шахси нишонаҳои беморӣ дошта дар масофаи 1,5 метр дур истодан лозим мебошад. Мутахассисон инчунин мегӯянд, ки бо дастони чиркин ба чашму бинӣ ва даҳон набояд расем. Ба шахсони нишонаҳои бемории зуком дошта, инчунин ба нафароне, ки чунин беморонро нигоҳубин мекунанд, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ тавсия дода мешавад. Истифодаи такрории ниқобҳои яккарата манъ аст.

Сипас роҳбарияти Маркази санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода доир ба корҳои анҷомдода ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус ва захираи лавозимоти тиббӣ маълумот доданд.

Шодихон Ҷамшед муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷоми ҷаласа аз масъулини дахлдор даъват ба амал овард, ки бояд лаҷоми эпидемияро ба даст гирифт. То метавонем, чораҳои пешгириро тақвият бахшем, нагузорем, ки ин вабои умумиҷаҳонӣ ба кишвари мо ворид шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд