(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз аз назди майдони Парчаму Нишони давлатӣ воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд гуруҳи калони ҷавонони фидоии Ватан бо амри дил ба хизмати Модар Ватан рафтанд.

Ин гуруҳи ҷавонони бонангу номусро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, волидайн ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хуҷанд гусел намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки ҳанӯз дар оғози таъсисёбии Артиши миллӣ, яъне дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, қатъи ҷангу хунрезӣ, аз нестшавӣ ва парокандагӣ нигоҳ доштани давлату миллат, истиқрори сулҳу оромӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми ниҳоят арзишманд гузоштанд. Тайи солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намудаанд ва борҳо собит сохтаанд, ки Артиши миллӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонанд.

Бо иҷрои анъанаҳои неки гусели наваскарон ва барномаи рангини фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд