(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020” ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, ки Шоҳҷоизаи озмун насиби намояндаи шаҳри Хуҷанд ҳунарманд Матлуба Ниёзова гардид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳайати ҳакамон-ҳунармандон, мутахасисон, олимону эҷодкорон ба либосҳои атласу адрас аз нигоҳи санъату маҳорати дӯзандагӣ, тарҳи хоса, зебоӣ, тобишу обу ранг, ороишот ба рангу ҷило ва дигар хусусиятҳои хос баҳогузорӣ намуданд ва ғолибон муайян гардиданд. Аз ҷумла, Матлуба Ниёзова бо 5000 сомонӣ ва дипломи Шоҳҷоизаи фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020” мукофотонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дар вилояти Суғд беш аз 17 ҳазор нафар ҳунармандон дар офаридани маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ фаъолият доранд. Маҳсули ҳунарҳои миллӣ дар намоишгоҳҳои минтақавию байналмиллалӣ дар давлатҳои хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳо гардида, баҳои баланд гирифтаанд. Дар арсаи олам ин боигарию дастовардҳои миллӣ муаррифӣ мешаванд, таваҷҷуҳи тоҷирону сайёҳони хориҷиро ҳарчи бештар ҷалб менамояд. Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ мусоидат менамоянд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матоҳои миллии адрасу чакан ҳамчун як ҷузъи фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ба феҳрасти фарҳанги моддии ЮНЕСКО пешниҳод гардидаанд. Дар вилояти Суғд шуғли таърихию анъанавӣ-атласу адрасбофӣ низ рушд меёбанд. Пешниҳоди навҳои зиёди атласу адрас дар рангу тобиш ва ҷилои хоса дар барномаи фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020” шаҳодати ин мебошад.

Фестивал-озмуни “Атлас ва адраси тоҷик-2020” дар бахшҳои гуногун бо пешниҳоди либосҳои бонувону духтарон, писарона ва кӯдакона аз матоҳои атласу адраси абрешимию пахтагин баргузор карда шуд. Бояд қайд намуд, ки ҳунарманд Матлуба Ниёзова наздик 20 сол аст, ки ба кашидадӯзӣ, мӯҳрадӯзӣ, йурмадӯзӣ (попурӣ) ва гулдӯзӣ машғул аст.

Мавсуф дар гузашта низ дар озмунҳои «Атласи тоҷик» 7 маротиба иштирок намуда, моделҳои хешро, ки аз мӯҳра бофта шуда буданд, пешниҳод ва 5 маротиба мақоми аввалро ба даст оварда буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд