(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШаҳрвандони муҳтарам!

Интизор меравад, ки пагоҳ яъне санаи 26.03.2020 баъди соати 13:00 дари Боғи таҷдидгардидаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ барои тамоми сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд боз мегардад.

Ин боғи фарҳангӣ-фароғатии Абӯмаҳмуди Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди азнавсозӣ қарор гирифта, яке аз ҷойҳои беҳтарини сайру истироҳат мубаддал гардидааст.

Аз ин лиҳоз аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд эҳтиромона даъват ба амал меорем, ки фарҳанги баланди шаҳрнишиниро риоя намуда, зимни гаштугузор таъсири худро ба гулҳои шинонидашуда, бахусус лолаҳо нарасонанд ва ҳамзамон таҷҳизоти насбгардидаи боғро ки барои истироҳату солимии мардум пешбинӣ шудааст, эҳтиёт намоянд.

Фарзандони худро зери назорат гиред.

Дурбинҳои назоратӣ (камераҳои мушоҳидавӣ) дар гушаҳои боғ насб шудааст, дар сурати осеб расонидан ба таҷҳизот ва поймол шудани гулу гулзор чунин ашхос ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд