(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сарпарастон Бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд Маркази таълимии ҳунарҳои мардумии «Дастони моҳир» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд зимни ифтитоҳи ин маркази таълимӣ барои духтарон аз ҷумла афзуд, ки мақсад аз ташкили маркази таълимии ҳунарҳои мардумии «Дастони моҳир» дар доираи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ин қабл аз ҳама баланд бардоштани ҳунару истеъдоди кӯдакону наврасон ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба суннатҳои халқӣ, ҳамчунин боло бурдани дарки зебоипарастии онҳо мебошад. Роҳбарияти Давлату Ҳукумат дар ин самт ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва ҷиҳати эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушду тавсеъи он бо иштироки занону духтарон барномаҳои гуногунро роҳандозӣ менамоянд.

Фирӯза Нуруллозода ба ташаббускори ин иқдом гирандаи Гранти Раиси шаҳри Хуҷанд, ғолиби озмуни «Кадбонуи беҳтарин» Назира Қурбонова изҳори миннатдорӣ намуд, ки як макони ноободро мунаввар намуда, барои омӯзиш ва аз худ намудани касбу ҳунар барои духтарон шароит муҳайё сохтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин маркази таълимӣ занону духтарон давоми ду моҳ соҳиби касбу ҳунар ва шаҳодатнома аз ҷониби КВД "Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд" мегарданд.

Минбаъд дар ин марказ омӯзонидани дигар ҳунарҳои миллӣ, аз қабили бофандагию дӯзандагӣ, муҳрабофию кашидадӯзӣ, кешбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва ғайраҳо ба нақша гирифта шуда, онҳо бо идрорпулӣ низ таъмин хоҳанд шуд.

Таъкид гардид, ки доштани ҳунару салиқаи дузандагӣ барои ҳар як духтар шарт ва зурур аст. Занону духтарон бояд сарфи назар аз касбу корашон ҳунари дӯхтану бофтан ва пухтанро аз худ намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд