(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон дар ҳамбастагӣ бо маъмурияти коллеҷ маҳфил бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Дили Модар» доир гардид.

Бахтовар Почоев, муовини сарвар оид ба корҳои тарбияи коллеҷ баромад намуда, табрикоти директори коллеҷи тиббӣ Илҳомҷон Комиловро ба саъи ҳозирин расонд.

Таъкид шуд, ки ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд. Ба ибораи дигар, агар нури офтоб ҷаҳонро хуррамӣ бахшад, пас зан – модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Дар ситоиши зан – модар то имрўз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанўз дар аввалин китобҳои мардуми кўҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдўст, диловару Гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қадру манзалати зан чунин қайд кардаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рўйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ў оғоз мегардад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин муррабӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат ришта шудааст. Худованд ба Зан- модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароѓи ҳар хонадон бошад».

Сипас, Мӯниса Умарова раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ҳозиринро бо Рӯзи модар табрику таҳният гуфт.

Якчанд нафар бонувони фаъоли коллеҷ бо сипоснома ва туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Маҳфили хотирмон бахшида ба Рӯзи модар табъи ҳозиринро болида намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳамасола аз ҷониби кумитаи иттифоқи касабаи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дар чунин маҳфилҳо ашхоси пешқадами вилоят даъват мешаванд, то барои омўзгорони ҷавон дарси ибрат бошад, ки ин нафарон барои пешравии соҳа саҳми назарраси худро гузоштаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд