(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРӯзҳои охир аз ҷониби гуруҳе аз шаҳрвандон, ки аз вазъияти воқеъи фарсахҳо дуранд ва маърифати паст доранд, ҳангомаҳоеро вобаста ба сирояти бесобиқаи короновирусро дар Тоҷикистон паҳн намуда истодаанд. Метавон гуфт, ки бешубҳа худи мағзи сари ин гуна ашхос аз бемории нави навъи «воҳимавирус» сироят ёфтаанд…

Ҳамагон иттилоъ доранд, ки дирӯз дар баёнияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки «Хушбахтона, то имрӯз дар кишвар сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо ЧОРАҲОИ пешгирии он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд. Бинобар ин, ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДА оид ба сирояти мазкур на бояд шаҳрвандони мамлакатро ба ТАҲЛУКА андозанд.

Бояд таъкид намуд, ки танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабинҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Яъне ин амал аст, «илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ аст». Аслан беҳдошти гигиенӣ кори ҳамарӯзаи ашхоси солим аст. Ин чизи рӯзмарра аст, зеро барои саломатии бардавоми мо мусоидат хоҳад намуд.

Дигар овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввал низ ба гӯш мерасад, ки асли воқеъият надорад. Мардум ба эҳсосот дода нашаванд ва барои аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд. Зеро дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд захираи дусолаи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот мавҷуд аст ва зиёдтар таъмин карда шудаанд. Дар маҷмӯъ барои таъмини эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ захираву иқтидорҳои зарурии истеҳсол ва нигоҳдории молу маҳсулот мавҷуд буда, овозаҳо вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, бахусус орд ва болоравии нархҳо ягон асоси воқеъӣ надоранд.

Имрӯз бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва коргоҳҳои ордкашӣ аз меъёр зиёд захираи ордро доранд. То ҳол субъектҳои воридкуннандаи гандум аз хориҷи кишвар муътадил кору фаъолият доранд. Барои пешбурди фаъолияти онҳо ягон монеъ нест. Сарҳадот боз аст. Дар идораҳои Тоҷикматлубот ва хоҷагиҳои махсус захираи калони гандум ва орд вуҷуд дорад. Дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ реҷаи муқаррарии корӣ давом дорад ва шаҳрвандон метавонанд ҳамарӯза эҳтиёҷоти истеъмолии худро қонеъ намоянд. Ба ягон овоза ва ҳангома дода нашанд.

Масъалаи таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо зери назорати доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, вазорату идораҳои масъул дар ин самт мунтазам чораҷӯӣ доранд.

Бино ба иттилоъи расмӣ соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар дохили мамлакат 1,4 млн. тонна, аз ҷумла гандум 836,2 ҳазор тонна ва воридоти он 1,1 млн. тоннаро ташкил дод. Истеҳсоли орд (бо назардошти коркарди гандуми воридотӣ) тибқи ҳисобҳо тахминан ба 1,5 млн тонна баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018 132 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳаҷми истеҳсол ва воридоти равғани растанӣ соли 2019 то 120 ҳазор тонна ё нисбат ба соли 2018 28 ҳазор тонна зиёд шуд.

Аслан захираи орд аз ҷониби шаҳрвандон амали хуб аст, мо онро бояд дар фасли тирамоҳ анҷом диҳем, имрӯз ки фасли баҳор расидааст бо баробари гарм шудани ҳаво ба сифати он таъсир хоҳанд расонд. Аз ҷониби дигар соли гузашта ҳосили фаровони гандум дар Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст. Эҳтимол аст, ки ин навъи ғалладона дар моҳи апрел бо имтиёзҳои муайян ба кишварҳои ИДМ аз ҷумла Тоҷикистон содирот хоҳад шуд. Ва табиист, ки ба поён рафтани нархи орд замина мегузорад.

Вобаста ба манъи машқу тамрини донишҷӯён, барои бошукӯҳ ва дар сатҳи баланд таҷлил шудани Наврӯзи байналмилалӣ дар Хуҷанд ҷараён дорад, низ овозаҳо паҳн гардиданд, ки он низ асоси воқеъӣ надорад. Зеро бинобар боронӣ будани вазъи ҳаво ва омилҳои техникӣ тамринҳо як-ду руз мутаваққиф гардиданд. Оянда ин тамринҳо ва дигар чорабиниҳои омодагӣ идома дода мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи қатъ кардани омодагиҳои ҷашни наврӯзӣ то ба ҳол ҳеҷ дастур аз сӯи ниҳодҳои марказии кишвар нагирифтаанд. Баръакс ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии Наврӯзи байналмилал санаи 22 марти соли равон дар варзишгоҳи 20 солагии Истиқлолият вазифагузориҳои мушаххас шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар сатҳи олӣ баргузор намудани тамоми маъракаҳои наврӯзиӣ ба масъулини дахлдор дастур супоришҳои мушаххас додаанд ва онро ҳамарӯза назорат карда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони олиқадр баргузории беш аз 10 адад чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Воқеан ҳам чунин ба назар мерасад, ки як гурӯҳ одамон бо истифода аз шабакаи интернет аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасос вобаста ба он, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, манфиатдор буда, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба тарсу ҳарос андозанд. Ин гуна ашхос бешубҳа душмнаони миллат буда, дар зудтарин фурсат аз ҷониби мақомоти ҳифҳи ҳуқуқ тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Як маълумот аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт: Аз моҳи декабри соли 2019, яъне аз замони зуҳри бемории короновирус то ба имрӯз дар олам ҳамагӣ 3 202 нафар фавтидаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза дар ҷаҳон аз бемории саратон 26 178 одамони сайёра ҷони худро аз даст медиҳанд…

Маъмури Юсуфзод,
сардори Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд