(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо баробари фарорасии баҳори нозанин корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар шаҳри Хуҷанд вусъати тоза касб мекунад. Бошандагони маҳаллаи навбунёди 14 ва 15-уми шаҳри Хуҷанд низ дар қатори дигар сокинони ободкори шаҳр бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳашари ниҳолшинонӣ доир намуданд. Онҳо дастаҷамъона дар ду канори кӯча ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишию сояафкан шинонида, саҳмашонро дар ободонӣ ва сарсабзии маҳалли зисти худ гузоштанд.

Сокинони кӯчаи Ободии маҳаллаи навбунёди 14 ва 15-уми шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтанд, ки дар ду канори кӯча 120 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишиву сояафкан шинонида саҳми худро дар сарсазбии диёр гузоранд.

Диловар Умаров, раиси кӯчаи Ободии маҳаллаи 14 ва 15-уми шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки ин иқдоми аввалини сокинони маҳалла дар корҳои ободонӣ набуда, аз ин пеш онҳо дастаҷамъона роҳи маҳалларо бунёд намуда, ҳамчунин якҷоягӣ дар маҳалли зисташон барқ ва обро низ таъмин кардаанд.

Дарвоқеъ даст ба бунёдкориву созандаги задан, ниҳол шинонидану сарсабз намудан ва ба ин васила обод намудаи маҳалли зисти худ, аз амалҳои неки инсони ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар бо ташкили чунин корҳо сокинон мехоҳанд дар пешрафти шаҳри худ каме бошад ҳам саҳмгузорӣ намоянд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Аз ҷумла дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд низ шаҳрвандон баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои дар пеш истода ҳамаҷониба омодагӣ дида истодаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд